Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина барои сохтмони сарпӯши нави "Чернобил" омода аст


Нақшаи сарпӯши нави ниругоҳи Чернобил
Нақшаи сарпӯши нави ниругоҳи Чернобил
Украина мегӯяд, ки барои сохтмони сарпӯши нав бар рӯи ниругоҳи ҳастаии Чернобил маблағи кофӣ дар ихтиёр дорад. Константин Ҳрушенко-вазири корҳои хориҷаи ин кишвар ба Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина гуфт, сохтмони ин сарпӯш имсол оғоз меёбад ва соли 2015 ба поён мерасад. Антон Усов-сухангӯи Бонки рушду бозсозии Аврупо гуфт, кӯмакрасонҳои байналмиллалӣ то ҳол барои ин тарҳ 940 миллион доллар ваъда кардаанд. Ин бонк сарпарастии тарҳи мазкурро бар ӯҳда дорад. Арзиши ниҳоии ин тарҳ як миллиарду 4 миллион долларро ташкил медиҳад. Ниругоҳи Чернобил соли 1986 ба фоҷеа дучор шуд ва ҳоло дарзҳои пайдошуда дар сарпӯши он водор сохтааст, ки сохтмони онро нав кунанд.
XS
SM
MD
LG