Пайвандҳои дастрасӣ

Поягузори WikiLeaks дар додгоҳи Лондон ҳозир шуд


Ҷулиан Ассанҷ

Ҷулиан Ассанҷ

Имрӯз дар додгоҳи олии Лондон Ҷулиан Ассанҷ-муассиси WikiLeaks аз додгустарҳо талаб кард, қарори истирдодаш ба Шветсияро лағв кунанд. Моҳи феврал додгоҳ ҳукм бароварда буд, ки ин шаҳрванди 40-солаи Австралия дар додгоҳи Шветсия ба иттиҳоми кӯшиши таҷовуз ба номуси ду хонум посух диҳад. Ба ақидаи вакилони мудофиа Ассанҷ тамоми айбномаро рад намуда, хавф дорад, ки мурофиаи ӯ дар Шветсия одилона нахоҳад буд. Бори дуввум аст чунин талош мушоҳида мешавад. Ассанҷро моҳи декабр боздошт карда буданд. Ҷои ёдоварист, ки сомонаи интернетии вай беш аз 250 000 санади маҳрамонаи дипломатҳои амрикоиро ба нашр расонд. Ассанҷ мегӯяд, иттиҳомоте, ки ба вай нисбат медиҳанд, ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG