Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Контроли зиндониён бар зиндоне дар Қазоқистон


Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки дирӯз ҳангоми талоши фирор аз зиндоне дар шаҳраки Балхаши Қазоқистон дар наздикии шаҳри Қарағанда 7 нафар кушта шудаанд. Як гурӯҳи 16 нафарии зиндониён, ки ба навиштаи хабаргузории Интерфакс, гурӯҳи созмонёфтаи ҷинояткорон будааст, шабона бо тирандозӣ ба сӯи посбонон талош кардааст контрол бар зиндонро ба дасти худ бигирад. Дар тирандозии онҳо як нафар кушта, чаҳор нафар ҷароҳат бардоштаанд. Нируҳои вижа барои дубора ба контроли худ даровардани зиндон ҳамла ба гурӯҳи ҷинояткорро оғоз кардаанд. Бино ба гуфтаи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, дар ин ҳамла 6 зиндонӣ кушта шудаанд. Нируҳо тавонистаанд бештари қисмати зиндонро аз контроли ҷинояткорон хориҷ кунанд, вале шумораи номаълуми зиндониён ҳамчунон ба муқовумати хеш идома медиҳанд ва дар дохили биноҳои зиндон сангар гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG