Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми амалиёти зидди силоҳбадастон дар Оқтеппа


Дафтари пулиси Кенқияк
Дафтари пулиси Кенқияк
Пулиси Қазоқистон мегӯяд, дар як минтақаи дурдаст дар ғарби ин кишвар 9 нафари муҷрим ба роҳандозии ҳамалот алайҳи нирӯҳои амниятиро ба ҳалокат расондааст. Аз 30 июн ба ин сӯ дар ду ҳамлаи алоҳида дар вилояти Оқтеппа 3 афсар кушта шуданд. Ин ду ҳамла ҳамагӣ 2 моҳ баъд аз бомбгузории интиҳорӣ дар рӯбарӯи дафтари ниҳодҳои амниятӣ дар маркази ин вилоят буд. Рӯзи ҷумъа дар задухӯрд дар шаҳри Кенқияк як афсари дигар низ ҷон бохт. Пулис имрӯз кори дасти чирикиҳои исломӣ будани ҳамлаҳои ахирро радд кард.
XS
SM
MD
LG