Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 нафар дар як бомбгузорӣ дар Покистон


Бар асари таркиши зоҳиран маргталабона дар як раҳпаймоии сиёсӣ дар шимолуғарби Покистон дастикам 5 тан кушта ва беш аз 20 нафари дигар захмӣ шудаанд. Қарор буд, дар ин гирдиҳамоӣ дар наздикии водии ошӯбзадаи Свот як узви кобина аз Лигаи мусалмонҳо низ ширкат кунад. Аммо таркиш замоне рух дод, ки вазири бепортфел Амир Муқом ҳанӯз ба маҳалли раҳпаймоӣ нарасида буд. Ягон гурӯҳ масъулияти ин бомбгузориро то ҳол бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG