Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчии фармоишгар дар Хатлон боздошт шуд


Дар ҷануби Тоҷикистон расидагӣ ба парвандаи Даврон Муминов-сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба поён расид. Вай талош доштааст маводи мухаддирро тавассути дигарон ба шаҳри Екатеринбурги Русия қочоқ кунад. Муминов яке аз занони ин минтақаро водор кардааст, ки дар меъдааш маводи мухаддиро ба Екатеринбург интиқол диҳад ва қавл додааст, ки барои ин хидматаш ба ин зан 700 доллар пардохт мекунад. Вале ин зан иҷрои ин корро бар ӯҳда нагирифтааст ва ба мақомоти амниятии маҳаллӣ муроҷеа кардааст. То ҳол интиқолдиҳандагони маводи мухаддир гунаҳгор шинохта мешуданд, вале фармоишдиҳандагон дар паси парда мемонданд. Ин бор фармоишдиҳанда бо кӯмаки ин зан боздошт шудааст ва акнун худаш барои аъмолаш ҷавоб хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG