Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амри куштори силоҳбадастон дар Карочӣ


Сӯги духаре, ки дар хушунатҳои Карочӣ падарашро аз даст додааст

Сӯги духаре, ки дар хушунатҳои Карочӣ падарашро аз даст додааст

Дар паи се рӯзи нооромиҳову хушунатҳо дар Карочӣ, ки 60 нафарро кушта бар ҷой гузошт, нирӯҳои амниятӣ дастур гирифтанд, ки ба ҷониби афроди силоҳбадаст оташ кушоянд.

Хушунатҳои мазкур даҳшаттарин дар давоми соли ҷорӣ дар ин шаҳри азимтарини Покистон унвон мешавад, ки ғарқи ихтилофҳои қавмиву мазҳабӣ ва сиёсӣ шудааст.

Дирӯз 34 нафар қурбони тири афроди силоҳбадаст дар чандин хиёбону маҳаллаи шаҳр шуданд. Дар ҳоле, ки сарчашмаи бурузи хушунатҳо мушаххас нест, тахмин зада мешавад, ки масъала дар ихтилофҳои миёни тарафдорони ҷумбиши Қавми муттаҳида ва ҳизби миллии Авом аст, ки аз қавмҳои мухталиф намояндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG