Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солеҳ ҷиноҳҳои Яманро ба муколама даъват кард


Президенти Яман, Алӣ Абдулло Солеҳ, дар нахустин паёми телевизионияш пас аз тарки мамлакат ҳамаи ҷиноҳҳои кишварашро ба муколама даъват кард ва гуфт ба тақсими қудрат дар чаҳорчӯби қонуни асосии Яман омодааст. Паёми кӯтоҳи ӯ аз як бемористони ҳарбӣ дар Арабистони Саудӣ пахш шуд. Солеҳ дар ин ҷо пас аз ҷароҳати сангин бар асари ҳамла ба Кохи раёсатҷумҳурии Яман дар аввалҳои моҳи июн муолиҷа мешавад. Осеб ва сӯхтаҳои сарурӯи ӯ дар ин паёми телевизионӣ намудор буданд. Вай гуфт, ба ҳашт амали ҷарроҳӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG