Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости САҲА аз Тоҷикистон дар мавриди рӯзноманигор


Дуня Миатович

Дуня Миатович

Дуня Миатович-намояндаи САҲА барои озодии матбуот имрӯз аз мақомоти Тоҷикистон дархост кард, ки Урунбой Усмонов-хабарногори боздоштшудаи Би Би Си раҳо шавад. Хонум Миатович гуфт, ки вай то ҳол мунтазири посухи расмӣ ба парвандаи Усмонов аст. Миатович 16 июн ба Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нома фиристод ва боздошти Усмоновро талоши сонсури гузоришгарӣ дар масъалаҳои ҳассос арзёбӣ кард. Усмонов 13 июн боздошт шуд. Вай аз 10 сол ба ин сӯ барои бахши узбакиии Би Би Си кор мекунад.
XS
SM
MD
LG