Пайвандҳои дастрасӣ

Бунёди таълимгоҳи низомии Қаратоғ бо кӯмаки Амрико


Имрӯз Кеннет Гросс-сафири Амрико дар Тоҷикистон ва генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ -фармондеҳи горди милии Тоҷикистон нахустин хиштро дар сохтмони таълимгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон гузоштанд. Фармондеҳиии миллии Амрико барои сохтмони ин таълимгоҳи тирандозӣ 3,1 миллион дар марҳалаи аввал ихтисос додааст. Ин маркази таълимӣ дар Қаратоғ бунёд меёбад ва он аз таълимгоҳи ронандагӣ, тирандозӣ аз аслиҳаи пиёданизому таппонча ва манора барои омӯзиши баромадани фаромадан бо ресмон иборат хоҳад буд. Ба гуфтаи генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, марҳалаи аввали сохтмони ин таълимгоҳ моҳи сентябр ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG