Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии муҳақиқи рӯйдодҳои Қирғизистон ба сафари Бишкек


Раиси ҳайати байнулмилалии пажӯҳиши рӯйдодҳои ҷануби Қирғизистон, сиёсатмадори финлондӣ, Киммо Килюнен изҳори омодагӣ кардааст, ки бо вакилони порлумони Қирғизистон мулоқот кунад. Ин дар ҳолест, ки вай пас аз нашри натиҷаҳои пажӯҳиши ҳайтаи байнулмилалӣ аз тарафи порлумони Қирғизистон шахси номатлуби ин кишвар ё “персона нон грата” эълон шудааст. Узви порлумони Қирғизистон, Нодира Норматова гуфтааст, Килюнен ба таври ғайрирасмӣ бо гурӯҳе аз вакилони маҷлиси Қирғизистон дар Ҳелсинки мулоқот кард ва гуфт, омодааст, натиҷаҳои таҳқиқ даргириҳои байниқавмии қирғизҳо ва узбактаборон дар Уш ва Ҷалолободро дар сӯҳбат бо онҳо шарҳ диҳад. Норматова афзуд, Килюнен бархе аз камбудиҳои гузориши худро ба назар гирифтааст ва бо даъвати расмии вакилон метавонад ба Қирғизистон сафар кунад.
XS
SM
MD
LG