Пайвандҳои дастрасӣ

Расидани Рамазонро мунаҷҷимон муайян хоҳанд кард


Нони ифтори моҳи Рамазон дар яке аз хонаводаҳои сокини Душанбе

Нони ифтори моҳи Рамазон дар яке аз хонаводаҳои сокини Душанбе

Шӯрои уламо имсол таърихи дақиқи шурӯъи моҳи шарифи Рамазонро ҳамроҳ бо донишмандони нуҷумшинос аз Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон муайян хоҳанд кард. Мӯфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ба “Азия Плюс” гуфтааст, бино ба ҳисобҳои пешакӣ, моҳи Рамазон ё 31 июл ё 1 август фаро хоҳад расид.
Рӯзаи моҳи Рамазон яке аз 5 бинои мусалмонист, ки иҷрояш барои пайравони ин дин фарз шудааст. Танҳо атфол, маризон, занони ҳомила ё соҳиби кӯдаки ширмак ва афроди мусофир аз рӯзадорӣ маофанд.
XS
SM
MD
LG