Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши ниҳодҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Ереван


Дар Ереван, пойтахти Арманистон ҷаласаи Шӯрои сарони ниҳодҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар чаҳорчӯби Паймони амнияти дастаҷамъӣ барномаи муштараки мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ хоҳад кард. Дар ин барнома пешниҳод шудааст, ки кишварҳои узв мафҳуми “амният аз маводи мухаддир”-ро дар як саф бо мафҳумҳои “амнияти ҳарбӣ, миллӣ ва башарӣ” ба яке аз рукнҳои низомномаи Паймони амнияти дастаҷамъӣ шомил кунанд. Қарор аст, кишварҳои узв қочоқи маводи мухаддирро низ расман яке аз таҳдидҳо ба амнияти дастҷамъонаи хеш эълом доранд. Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG