Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Тимошенко то чоршанбе ба таъхир афтод


Юля Тимошенко
Юля Тимошенко
Додгоҳи сарвазири собиқи Украина дар пайи истихдоми вакили мудофеъи ҷадид аз сӯи Юля Тимошенко то рӯзи чоршанбе ба таъхир гузошта шуд. Тимошенко ба сӯъиистифода аз мақом ба ҳангоми имзои қарордоди харидории газ аз Русия дар соли 2009 айбдор шуда, дар сурати дайн шудани ин иттиҳом метавонад то 10 сол ҳукми зиндон бигирад. Ба эътиқоди муфаттишон, Тимошенко газро аз Русия бо нархи аз қимати бозор баландтар харидааст. Хонум Тимошенко ин иттиҳомро радд карда, парвандаашро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ ва фармудаи раисиҷумҳури кунунии Украина Виктор Янукович меҳисобад. Ӯ имрӯз аз додгоҳ як моҳ фурсат хост, то вакили мудофеъи наваш битавонад парвандаро биомӯзад, вале додгоҳ ба ӯ ҳамагӣ 2 рӯз фурсат дод.
XS
SM
MD
LG