Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Босния Ратко Младич алорағми таҳдиди қаблиаш ба бойкоти мурофиа имрӯз ба додгоҳи Ҳейг ҳозир шуд.Аммо қозӣ Алфонс Орие ба дунбол ҳукми ихроҷи Младич аз толори мурофиаро эълон кард: “Ҷаноби Младич. Додгоҳ қарор кард, ки шуморо аз толор берун кунанд.”
Додгоҳи Ҳейг Младичи 69-соларо, ки моҳи май баъд аз 16 соли фирор дар Сербистон боздошт шуд, ба ҷиноёти ҷанг, аз ҷумла ба қатли омми 8000 марду кӯдаки мусалмони Сребренитса дар соли 1995, айбдор мекунад. Младич ин иттиҳомотро шадидан қабул надорад. Қарор аст, додгоҳи Ҳейг имрӯз ба баррасии иттиҳоми Младич ба наслкушӣ бипардозад, вале вакили мудофеъи ӯ Милош Салйич қаблан гуфта буд, Младич мехоҳад аз ӯ дар ин додгоҳ вакилони мудофеъи аз сӯи ӯ интихобшуда намояндагӣ кунанд ва бо чунин тақозо ба додгоҳ нахоҳад рафт, «ило агар иҷборан эҳзораш кунанд.»
XS
SM
MD
LG