Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Владимир Кличко унвони қаҳрамониро ҳифз кард


Владимир Кличко

Владимир Кличко

Муштзани маъруфи украинӣ Владимир Кличко шаби шанбе дар Ҳамбурги Олмон бар рақиби бритониёияш Девид Ҳей ғолиб омада, унвони қаҳрамони мутлақи бокси дунёро ҳифз кард. Кличкои 35-сола ин набардро бо касби 351 имтиёз дар муқобили 327 имтиёзи Ҳей бурд. Феълан ҳамаи унвонҳои муҳими қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар дасти хонаводаи Кличкоҳост. Бародари ӯ Виталий Кличко низ қаҳрамони ҷаҳон дар вазни беш аз 100 килост. Бо вуҷуди борон ва ҳавои сард набарди Кличко бо Ҳейро дар варзишгоҳи Ҳамбург ҳудуди 45 000 нафар, бо шумули 13 000 тан аз Бритониё, тамошо карданд.
XS
SM
MD
LG