Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Амрико ва Испания ба таҳдидҳои Қаззофӣ


Амрико ва Испания мегӯянд, таҳдиди ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ ҷиҳати анҷоми ҳамалот алайҳи Аврупо монеъи иҷрои ҳадафи онҳо ба хотири дифоъ аз мардуми мулкӣ дар Либия нахоҳад шуд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи шанбе дар Мадрид гуфт, Қаззофӣ бояд ба ҷои таҳдидҳо манфиати мардумашро дар ҷои аввал гузошта, аз қудрат канор биравад. Ҳамтои испании ӯ Тринидад Хименес гуфт, кишварҳо талошҳои худро ба хотири хунсо кардани таҳдидҳое, ки аз нирӯҳои Қаззофӣ болои мардуми Либия бармеояд, идома хоҳанд дод. Қаззофӣ рӯзи ҷумъа ҳушдор дод, ки дар ғайри сурати қатъи ҳамлаҳои ҳавоии НАТО шояд ба ҳамлаҳо алайҳи Аврупо иқдом кунад.
XS
SM
MD
LG