Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Ҳу Ҷинтао аз "бемориҳо" дар Ҳизби коммунисти Чин


Раисиҷумҳури Чин, Ҳу Ҷинтао аз “бесалоҳиятии бархе аз аъзои ҳизб”-и ҳокими коммунисти Чин ҳушдор дод ва аз онҳо интиқод кард, ки аз мардум дур шудаанд. Вай дар ҳамоиши 90-солагии таъсиси Ҳизби коммунист аз дастовардҳо дар “инқилоб, рушд ва ислоҳот” истиқбол кард, аммо огоҳ намуд, ки ҳизб бо “дардҳои рӯзафзуне рӯбарӯ мешавад ва натавонистааст, бо фасод, ки ба қонунмандии ҳизб зарба мезанад, расидагӣ кунад. Моҳҳо пеш аз ҷашни солгард мақомот ба бузургтарин саркӯби дигарандешон дар 20 соли охир даст заданд.
XS
SM
MD
LG