Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳҷоизаи шаҳрванди Тоҷикистон дар "Гослото"-и Русия


Як шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шоҳҷоизаи лотореяи “Гослото” дар Русия шуд.

Манучеҳр Ҳусейнови 22 сола, ки бо аҳли хонаводааш дар шаҳри Омск ба сар мебарад, ҳамаи ҳашт рақами лотереяро дарёфтааст. Маблағи бурди ӯ беш аз 14 миллион рубли русиро ташкил дод.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо волидайн ва ҳамсару кӯдаки хурдсолаш иҷоранишинанд ва тасмим гирифтаанд, ки қабл аз ҳама дар шаҳри Омск манзили зист бихаранд.
XS
SM
MD
LG