Пайвандҳои дастрасӣ

Корпартоии 24 соатаи бахшҳои иҷтимоӣ дар Британия


Ник Клегг

Ник Клегг

Садҳо ҳазор нафар кормандони бахши иҷтимоӣ дар Британия ба корпартоиии 24 соата мебароянд. Онҳо тақозо доранд, ки дар нафақаи барномарезишудаашон тағирот ворид шавад. Дар ислоҳоти пешниҳодшуда омадааст, ки соати кории ин кормандон бештар хоҳад шуд ва онҳо молиёти бештар пардохт хоҳанд кард, то барои нафақаашон маблағ ҷамъ шавад. Ник Клегг-муовини нахуствазири Британия ин корпартоиро маҳкум кард ва онро бемасъулиятӣ номид. Вай гуфт:

“Ман фикр мекунам, ин як амали шармовар аст, ки имрӯз корпартоӣ баргузор мешавад, барои он ки музокироти ҳукумат бо иттиҳодияҳои синфӣ идома дорад. Ман фикр намекунам, ки корпартоӣ ба иттиҳодияҳои синфӣ кӯмак кунад”.

Ҳукумат мегӯяд, ки тибқи ислоҳот бояд касри будҷа то ба 10 дарсад коҳиш ёбад. Имрӯз дар саросари кишвар аксари мактабҳо бастаанд ва мусофирони нақлиёти ҳавоӣ ба таъхир дучор шудаанд, зеро кормандони муассисаҳои муҳоҷират низ ба эътисоб ҳамроҳ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳудуди 750 000 нафар дар корпартоӣ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG