Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарозтарин пули рӯиобӣ чанд километр ва дар куҷост?


Имрӯз Чин дарозтарин пули мошингузар дар ҷаҳонро боз кард. Ин пул бо дарозии 42 километр шаҳри бандарии Қингдаоро бо ҷазираи Ҳуандгдао мепайвандад. Сохтмони ин пул 4 солро дар бар гирифт ва дар он 1 миллиарду 500 миллион доллар сарф шуд. Пул дар болои баҳр сохта шудааст ва барои бардоштани он 5 000 сутун ё болишт гузоштаанд. То ҳол дарозтарин пули рӯиобӣ дар Амрико буд. Пули нави Чин 4 километр бештар аз он дарозӣ дорад.
XS
SM
MD
LG