Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши колоҳову ашёи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав


Рӯзи панҷшанбе дар Маскав дар намоишгоҳи кишварҳои муштараулманофеъ рӯзи намоиши колоҳову ашёи Тоҷикистон буд. Ин намоишгоҳ бо номи “20 соли ташкили давлатҳои мустақили муштаракулманофеъ” баргузор мешавад. Раиси Утоқи Тиҷоратии Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст, ки бештар аз 25 муассисаву корхонаи Тоҷикистон ашёи худро ба намоиш гузоштаанд. Аз ин намоишгоҳ баъзе аз аъзои ҳукумати Русия, кишварҳои муштаракулманофеъ ва намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ боздид кардаанд ва бо ҷониби Тоҷикистон роҷеъ ҳамкориҳо гуфтугӯ ва табодули афкор сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG