Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 25 сарбози яманӣ дар канори Зинҷибар


Дар атрофи шаҳри Зинҷибар, воқеъ дар ҷануби Яман, дар задухӯрд бо гурӯҳи мусаллаҳи исломгаро дасти кам 25 сарбози нерӯҳои ҳукуматӣ ба ҳалокат расиданд. 17 тан аз афроди мусаллаҳ низ кушта шуданд.

Ба иттилоъи мухолифини Яман, беш аз 300 афсару сарбоз ба гурӯҳҳои исломгаро пайвастанд. Мақомоти Яман ин хабарро тайид ё рад накардаанд.

Дар Яман чанд моҳ боз намоишҳои густурдаи зиддиҳукуматӣ идома доранд, дар ҷануби кишвар бошад, гурӯҳҳои ҷудоихоҳ, ки бо “Ал-Қоида” робита доранд, фаъол шудаанд.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисиҷумҳури Яман, ки мухолифин истеъфои ӯро талаб доранд, айни ҳол дар Арабистони саудӣ зери назорати табибон қарор дорад. Бар асари ҳамлаи мушакӣ ба қароргоҳаш дар шаҳри Санъо, раисиҷумҳур ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст.
XS
SM
MD
LG