Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба меҳмонсарои Кобул 12 нафар кушта шудаанд


Меҳмонсарои Интерконтинентали Кобул дар соатҳои амалиёт
Меҳмонсарои Интерконтинентали Кобул дар соатҳои амалиёт
Вазорати дохилии Афғонистон мегӯяд, дар ҳамлаи шӯришиён ба меҳмонсарои муҷаллали Интерконтинентали Кобул 12 нафар кушта шудаанд. Бино ба хабари ин вазорат, 9 шаҳрванди ғайринизомии Афғонистон, 2 корманди полис ва як шаҳрванди Испания дар ин ҳодиса ба қатл расидаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, 9 нафар аз афроди Толибон шабонгоҳ ба меҳмонсаро ҳамла бурдаанд ва тирандозӣ чанд соат идома доштааст. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай-раиси Кумиссиюни давраи гузори масъулияти амниятӣ ба нируҳои Афғонистон мегӯяд:

“Дар ҳар ҳолат давраи гузор муваффақиятомез хоҳад буд. Кишвар омода аст, ки қурбонии бештар диҳад, агар бихоҳад, ки ба пои худаш мустақилона истод шавад”.

Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд. Тибқи хабарҳо, 13 ғайринизомӣ ва 5 корманди полис дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG