Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин парчами ҷаҳон дар Украина барафрошта шуд


Ҳангоми бозкардани парчам дар Днепропетровск
Ҳангоми бозкардани парчам дар Днепропетровск
Чанд ҳизби сиёсӣ дар шаҳри Днепропетровски Украина, воқеъ дар шарқи ин кишвар Рӯзи Қонуни Асосии кишвари худро бо гузоштани парчами бузурге бар рӯи пояи баланд баргузор карданд. Онҳо гуфтаанд, ки ин бузургтарин парчам дар ҷаҳон ба шумор меравад. Бари ин парчам 35 ва дарозиаш 45 метр будааст ва нисфи майдони футболро ишғол мекардааст. Иддао мешавад, ки парчам бо ин бузургӣ рекорди китоби Гиннесро шикастааст. Барои боз кардани он дар назди майдони операи Днепропетровск тақрибан 100 нафар ширкат кардаанд. Анатолий Сокоринский-яке аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш гуфтааст, бо вуҷуди талошҳои нифоқбарангез дар Украина ин парчам рамзи ваҳдати мардуми ин кишвар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG