Пайвандҳои дастрасӣ

Коршикании саросарӣ дар Юнон оғоз шуд


Коргарон дар саросари Юнон ба коршикании 48-соата шурӯъ карданд ва дар замоне, ки вакилони мардумӣ ба қабули барномаи нави коҳиши хароҷоти давлатӣ ва имтиёзҳои иҷтимоӣ омодагӣ мегиранд. Коршиканӣ бо ташаббуси ду иттиҳодияи бузурги коргарӣ баргузор мешавад ва чаҳорумин коршикании саросарӣ дар соли равон дар Юнон аст, ки боиси бебандуборӣ мешаванд. Барои ҳифзи тартибот дар шаҳри Афина пойтахт, давлати Юнон, 5 ҳазор пулисро сафарбар кардааст, ки дар инҷо ҳазорон нафар дар баробари порлумон раҳпаймоӣ хоҳанд кард. Порлумони Юнон бояд, барномаи коҳиши 28 миллиардолларии хароҷоти давлатӣ ва хусусигардониро қабул кунад ва танҳо дар ин сурат 12 миллиард доллар кӯмаки молиро аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул дарёфт хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG