Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фитрат дар нокомии Кобулбонк айбдор мешавад


Ҳукумати Афғонистон масъулияти нокомии Кобулбонкро қисман бар ӯҳдаи раиси Бонки марказии кишвар Абдулқодири Фитрат гузошт.

Ба иттилоъи дафтари раисиҷумҳур Ҳомид Карзай, Додситонии кулл алайҳи Фитрат парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Абдулқодири Фитрат, ки айни ҳол дар Амрико ба сар мебарад, дирӯз дар бораи истеъфояш хабар дод ва ин амалро бо он марбут кард, ки ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад.

Моҷарои пурсару садо атрофи Кобулбонк моҳи сентябри соли гузашта баъди он сар зад, ки дар бораи аз сӯи ин бонк ба мансабдорон ва хешовандони раисиҷумҳур додани қарзи беасос ба маблағи ним миллиард доллар иттилоъ нашр шуд.

Бар асари ин моҷаро Кобулбонк дар вартаи варшикастагӣ қарор гирифт ва Сандуқи байнулмилалии пул барои аз тариқи ин бонк интиқол додани кӯмаки молиявӣ ба Афғонистон сарпечӣ кард.
XS
SM
MD
LG