Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исландия музокироти узвият дар ИА-ро оғоз кард


Имрӯз Исландия ба таври расмӣ дар Бруссел музокирот роҷеъ ба узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро оғоз кард. Ин давлати ҷазираӣ дар ғарби уқёнуси Атлас аз 30 масъалаи мавҷуда дар дастури рӯз роҷеъ ба 4 масъала музокира оғоз кардааст, то қонунҳои худро бо муқаррароти Иттиҳодияи Аврупо мутобиқ созад. Шояд баъдтар вақте, ки ҷонибҳои музокира ба барассии масъалаҳои моҳидорӣ ва кишоварзӣ шуруъ мекунанд, мушкилиҳо пеш ояд. Иттиҳодияи Аврупо бо анъанаи исландиҳо, яъне шикори наҳангҳо мухолиф аст ва дар ин бора баҳсҳо идома дорад.
XS
SM
MD
LG