Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи САҲА дар Вена


Нуриддин Шамсов
Нуриддин Шамсов
Ҳафтаи гузашта дар Вена дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА Маҷористон аз номи Иттиҳодияи Аврупо дар бораи шароити фаъолият ва фазои кории воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла боздошти хабарнигори бахши узбакии Бӣ Бӣ Сӣ, изҳори нигаронӣ кард. Нуриддин Шамсов-сафири Тоҷикистон таъкид кард, ки 13-уми июн хабарнигори Бӣ Бӣ Сӣ Урунбой Усмонови 59-сола бо иттиҳоми доштани иртибот бо созмони манъшудаи Ҳизбуттаҳрир боздошт шудааст. Сафир афзуд, ки шуморе аз шоҳидон ин иттиҳомро тасдиқ кардаанд ва бар пояи он 15-уми июн додгоҳ ҳабси пешакии Усмоновро пуштибонӣ намуд. Акнун тибқи қонунҳои Тоҷикистон Усмонов метавонад ду моҳи ояндаро дар боздоштгоҳ гузаронад. Сафири Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Нуриддин Шамсов мегӯяд, дар ин кишвар кормандони воситаҳои ахбори умум ва хабарнигорон бо ҳеҷ гуна маҳдудият мувоҷеҳ нестанд. Ҳар муҳокимае, ки дар иртибот бо фаълияти хабарнигорон доир мешавад, бозу шаффоф буда ва бар пояи қонун аст.
XS
SM
MD
LG