Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Гаага дар бораи боздошти Қаззофӣ тасмим мегирад


Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии Ҳейг ваё Гаага имрӯз бояд дар мавзӯъи содир кардан ё накардани дастури боздошти раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва атрофиёни ӯ тасмим бигирад.

Додситони Додгоҳ Луис Морено-Окампо дирӯз гуфт, ки тафтишот дар бораи даст доштани Қаззофӣ, писари ӯ Сайфулислом ва раиси хадамоти кашфи Либия Абдулло Ал-Сенусӣ дар ҷиноёт алайҳи башарият далелҳои кофӣ дорад. Манзур – хушунат алайҳи ширкатдорони ҳамоишҳои эътирозӣ дар Либия дар моҳи феврал аст.

Дар ҳамин ҳол дар канори шаҳри Бир-ал-Ғанам, воқеъ дар 80-километрии ҷанубу ғарби Триполӣ, аз субҳи рӯзи якшанбе задухӯрдҳо миёни нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва мусаллаҳони мухолифи ҳукумат идома дорад.

Хабаргузориҳо дар бораи ҳалокати ду тан аз ошӯбгарон иттилоъ додаанд.
XS
SM
MD
LG