Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 5 тазоҳуркунандаи дигар дар Сурия


Фаъолони Сурия мегӯянд, дар ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ ба маросими дафни тазоҳуркунандагони кушташуда ба камияш 5 нафари дигар ба ҳалокат расидаанд. Маркази дидбони ҳуқуқи башари Сурия ҳамчунин гуфт, 3 тани дигар дар кофтукоби хона ба хонаи нерӯҳои амниятии президент Башор Асад дар минтақаи Барзахи наздикии Димишқ кушта шудаанд. Бино бар хабарҳо, дар ин минтақа наздик ба 200 нафар бо гумони ширкат дар тазоҳуроти зидди ҳукумати Асад боздошт шудаанд. Эътирозҳо дар Сурия аз нимаҳои моҳи март ба ин сӯ идома доранд ва тазоҳуркунандагон истеъфои раисиҷумҳур Асадро талаб мекунанд.
XS
SM
MD
LG