Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати занон дар ҳамлаи маргтабалона дар Покистон


Толибони Покистон масъулияти бомбагузории маргталабона дар дафтари полис дар шимолуғарби Покистонро бар дӯш гирифтанд, ки аз тарафи занони бурқапӯш ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин таркиши рӯзи шанбеи 25-уми июн ба камияш 10 корманди полис дар истгоҳи Колачии шаҳраки Дор-ул-Исмоилхони вилояти Хайбар Пахтунхва ба ҳалокат расиданд. Мақомоти маҳаллӣ низ гуфтаанд, ки дастикам яке аз бомбгузорони маргталаб зан будааст. Сухангӯи Толибони Покистон ба хабарнигорон гуфт, ширкати занон дар ин ҳамла баёнгари дилсардии амиқи занони покистонӣ аз раҳбарияти ин кишвар аст.
XS
SM
MD
LG