Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 нафар дар ҳамла ба бемористони Лугар


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар як таркиши маргталабона дар назди бемористони вилояти Лугар 20 нафар кушта ва 120 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳамаи кушташудагон беморони шифохонаи Азро будаанд. Толибон даст доштани худро дар ин ҳамла рад ва онро маҳкум кардаанд. Бино бар хабари дигар дар таркиши як бомб дар шимоли Афғонистон даҳ нафар кушта ва 24 тани дигар замхӣ шудаанд. Инфиҷор дар ноҳияи Хонободи вилояти Кундуз ба вуқӯъ пайвастааст.
XS
SM
MD
LG