Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яке аз халабонҳои ҳавопаймои суқуткарда тоҷик буд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз ҳукумат хост, ки аснод барои қатъи истифодаи ҳавопаймои ТУ-134-ро таҳия кунад. Ин тасмим ба думболи суқути ҳавопаймо дар Карелия гирифта шуд.

Имрӯз Кумитаи байнидавлатии авиатсионии Русия иттилоъи муқаддамотии сабти “қуттиҳои сиёҳ”-и ҳавопаймои дар канори шаҳри Петрозаводск суқуткардаро нашр кард.

Гуфта мешавад, ки муҳаррикҳои ТУ-134 то лаҳзаи ба замин бархӯрдан кор мекарданд, аз кор мондан ваё мушкили фаннии ягон системи ҳавопаймо сабт нашудааст.Айни ҳол тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи банди вайрон кардани қойидаҳои бехатарӣ сурат мегирад.

Ҳавопаймои ширкати “Русэйр”, ки шаби 20 ба 21 июн аз Маскав ба Петрозаводск парвоз мекард, каме дуртар аз фурудгоҳ дар шоҳроҳе ба замин бархӯрд ва оташ гирифт.

Дар ин ҳодиса 45 нафар ба ҳалокат расиданд, ҳафт нафар аз маҷрӯҳон дар бемористонҳои шаҳрҳои Маскав ва Петрозаводск таҳти назорати табибон қарор доранд.

Зимнан, яке аз сарнишинҳои ҳавопаймо штурман Амон Атоев тоҷик буд. Писари ӯ Озод дар сӯҳбат бо хабаргузориҳои Русия фарзияи иштибоҳи халабонҳо дар суқути ҳавопайморо рад кардаст.

Ӯ гуфтааст, ки “падари ман 25 сол боз фақат дар ҳамин гуна ҳавопаймо ва дар хатсайрҳои дохилӣ паровз мекард ва таҷрибаи ғанӣ дошт”. Озод афзудааст, ки “мо аз Тоҷикистонем ва падарам дар он ҷо дар шароити душвори кӯҳистон ҳавопайморо идора мекард”.
XS
SM
MD
LG