Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қаззофӣ мегӯяд, муқовиматро идома хоҳад дод


Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия дар як паёми видеоӣ, ки дар телевизиони давлатӣ нашр шуд, нерӯҳои НАТО-ро ба қатли ғайринизомиён дар кишвараш муттаҳам кард ва қавл дод, ки муқовимат ба НАТО ва шӯришиёнеро, ки мехоҳанд, ӯро сарнагун кунанд, идома хоҳад дод. Паёми Муаммар Қаззофӣ ба думболи он нашр шуд, НАТО эътироф кард, бар асари як ҳамлаи иштибоҳӣ, ғайринизомиёни Либия ҳалок шудаанд. Айни замон Бритониё ва Фаронса гуфтанд, ки амалиётҳои НАТО-ро дар Либия идома хоҳанд дод, агарчӣ Итолиё хостааст, барои ирсоли кӯмакҳои башарӣ ба Либия ҳамлаҳои ҳавоӣ муттавақиф шавад.
XS
SM
MD
LG