Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози гуфтӯгуҳои ду рақиби мусаллаҳ бо бомби атомӣ


Дипломатҳои баландпояи Ҳинду Покистон имрӯз гуфтӯгуҳои дурӯза доир ба ҷараёни сулҳ миёни ин ду рақиби мусаллаҳ бо силоҳи атомиро оғоз мекунанд. Нирупама Рао, вазири умури хориҷаи Ҳинд, ба ин хотир вориди Исломбод пойтахти Покистон шудааст ва қарор аст, бо Салмон Башир ҳамтои покистонии худ дидор кунад. Масъалаи мубориза бо терроризм ва муноқишаи Кашмир аз масоили аслии гуфтӯгуи ду тараф хоҳад буд. Покистону Ҳинд моҳи феврали гузашта тамосҳои расмӣ барои мусолиҳаро аз сар гирифтанд. Ин тамосҳо баъди ҳамлаи хунини соли 2008 ба шаҳри Бомбайи Покистон муттавақиф шуд, зеро Ҳинд мегӯяд, он ҳамлаҳоро тундравони мустақар дар Покистон анҷом додаанд. Ин ду кишвар аз соли 1947 то кунун се бор ва ду маротиба барои вилояти Кашмир ҷангидаанд.
XS
SM
MD
LG