Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бедодгарии мухлисони футбол дар шаҳри Душанбе


Шоми гузашта дар як маҳалли ҷанубии шаҳри Душанбе садҳо нафар аз мухлисони футбол бедодгариву харобкорӣ кардаанд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, баъди анҷоми бозӣ миёни тими «ЦСКА-Помир"- Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб, ки бо шикасти мизбонон анҷом ёфтааст, садҳо нафар аз мухлисони футбол бо ҳаёҳу дар маҳалли Политехникум дар Душанбе шишаҳои мошинҳо ва биноҳои сари роҳро шикаста ва бо ҷавонони маҳалҳои сарироҳӣ даргир шудаанд. Бенизомӣ баъди омадани нерӯҳои махсуси милиса хотима ёфтааст ва бино ба гузоришҳо чандин нафар ҳам дастгир шудаанд. Даҳ рӯз пеш аз ин як чунин бенизомӣ дар шаҳри Кулоб низ ба вуқӯъ пайваста буд.
XS
SM
MD
LG