Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се рӯзи мотам ба ёди қурбониёни суқути ТУ-134


Ҷойи суқути ҳавопаймои ТУ-134
Ҷойи суқути ҳавопаймои ТУ-134
Тайи се рӯз – аз 22 то 24 июн дар ҷумҳурии Карелияи Русия ба ёди қурбониёни суқути ҳавопаймои ТУ-!34 мотам эълон шудааст.

Дар ин ҳодиса, ки шаби гузашта дар канори шаҳри Петрозаводск рӯх дод, 44 нафар ба ҳалокат расида, ҳашт нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Карелия, ҳуввияти бештари қурбониёни ҳодиса фақат тавассути ташхиси ДНК ё ташхиси ирсият муқаррар карда хоҳад шуд.

Ҳавопаймои ширкати “Русэйр”, ки аз Маскав ба Петрозаводск парвоз мекард, ҳамагӣ як километр дуртар аз фурудгоҳ ба замин бархӯрд ва оташ гирифт. Миёни қурбониёни ҳодиса – довари маъруфи футбол Владимир Петтай ва конструкторҳои аршади се ширкати атомии Русия низ ҳастанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, панҷ нафари маҷрӯҳон ба бемористонҳои Маскав интиқол меёбанд. Вазъи се нафар, аз ҷумла, як кӯдаки 10-сола вазнин арзёбӣ мешавад.

Миёни мусофирони ҳавопаймо шаҳрвандони Тоҷикистон набуданд.

Тафтиши сабабҳои ҳодиса идома дорад. Айни ҳол фарзияҳои омили инсонӣ, иштибоҳи хадамоти фурудгоҳ, боду ҳавои номусоид ва мушкили фаннии ҳавопаймо тафтиш мешавад.
XS
SM
MD
LG