Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад нирӯҳои ношиносро гунаҳгори кушторҳо донист


Димишқ, 20 июни соли 2011
Димишқ, 20 июни соли 2011
Башор Асад гуфт, ки бӯҳрони беш аз семоҳаи Сурия кори дасти харобкорон аст. Дар як суханронии телевизиониаш раиси ҷумҳурии Сурия нирӯҳои номайянро барои куштори ҷамъии мардум аз роҳи силоҳии пешрафта ва фанновариҳои мухобиротӣ муттаҳам кард. Вай гуфт:

“Онҳо ба амалҳои нав даст мезананд, тавре, ки дар Ҷиср Аш-Шуғур қатли ом карданд. Мо дар аксҳои расонаҳо дидем. Онҳо одам куштанд, онҳо афсарони амниятиро куштанд, онҳо дафтарҳои почтаро, ки аз ҷониби одамони оддӣ истифода мешуд, хароб карданд. Вале бадтарин чиз ин аст, ки онҳо аз силоҳҳои пешрафта ва васоили мухобиротии навтарин истифода карданд, ки дар гузашта набуд”.


Ҳукумат мегӯяд, ки “террористон” ду ҳафта пеш 120 узви нирӯҳои амниятиро дар Ҷиср-аш-Шуғур нобуд карданд. Дар ин суханрониаш Башор Асад ба муколамаи миллӣ даъват кард, ҳарчанд афзуд, ки миёни харобкорон ва талабҳои қонунӣ барои анҷоми ислоҳот бояд фарқ гузошта шавад.


Бар тибқи иддаои мухолифин, дар давоми тамоми муддати эътирозҳо, дар саросари Сурия беш аз 1400 нафар кушта шуда 10 ҳазор нафар боздошт гардиданд. Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки барои тавсеаи таҳримҳои зидди Сурия омодагӣ мебинад.
XS
SM
MD
LG