Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори се ҷангҷӯй дар Покистон



Имрӯз дар минтақаи Куррами Покистон бар асари ҳамлаи мушакӣ, ки эҳтимолан аз ҷониби нерӯҳои ИМА раҳандозӣ шуда буд, як хона ва як мошин тахриб шуданд. Як мансабдори покистонӣ, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, ҳангоми ҳамла дар минтақаи Куррам, ки бо вилояти Пактиёи Афғонистон ҳаммарз аст, “се ҷангҷӯи савори мошин” ба ҳалокат расиданд. Намояндаи ҳукумати маҳаллӣ Нур Алам ба хабарнигорон гуфт, ки ҳамла болои хона се дақиқа пас аз ҳамла болои мошин ба вуқӯъ пайваст. Ҳоло дар бораи талафот иттилое пахш нашудааст. Ҳамлаҳои мушакии ИМА бар зидди Толибону шабакаи ал-Қоида , ки тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин амалӣ мешаванд, одатан дар вилояти Вазиристон-қароргоҳи марказии ҷангҷӯён ба қайд гирифта мешаванд.
XS
SM
MD
LG