Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср вазири нави корҳои хориҷӣ таин шуд


Имрӯз Миср Муҳаммад Урабиро вазири корҳои хориҷӣ таин кард. Вай дар ин мақом Набил Арабиро иваз кард. Набил Арабӣ акнун раёсати Ҷомеаи Арабро бар ӯҳда хоҳад гирифт. Вазири нав Урабӣ дар гузашта сафири Миср дар Олмон, Кувайт, Лондон ва Вошингтон буд. Урабӣ қабл аз баргузории интихоботи порламонӣ ба кобинаи давраи гузори нахуствазир Шараф пайваст. Интихобот барои моҳи сентябр пешбинӣ шудааст, вале интизор меравад, ки он ба таъхир афтад.
XS
SM
MD
LG