Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи Шӯрои вазирони маориф дар Душанбе идома дорад


Имрӯз Шӯрои ҳамкории кишварҳои ҳамсуд дар бахши маориф дар ҷаласаи навбатии худ дар шаҳри Душанбе тарҳи қарордодҳо роҷеъ ба додани ҳуқуқи баробар ба шаҳрвандони кишварҳои муштаракулманофеъро баррасӣ мекунад. Тибқи ин қарордод шаҳрвандони ин кишварҳо барои дохил шудан ба донишгоҳҳои олии кишварҳои узв ҳуқуқи баробар хоҳанд дошт. Барои баррасӣ дар ҷаласаи Душанбе вазирони маориф 16 масъаларо матраҳ кардаанд. Ба он омӯзиш додани муҳоҷирони корӣ низ дохил мешавад. Баъд аз хатми ҷаласаи мазкур рӯзҳои 20-21 июн бо ширкати вазирони маориф конфронси XVIII баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG