Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдулло Солеҳ, ки дар Арабистони саудӣ таҳти назорати табибон қарор дорад, ба ватан баргаштанӣ нест. Дар ин бора хабаргузории France Press бо такя ба намояндагони ҳукумати Саудӣ иттилоъ додааст.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, макони зисти ояндаи Солеҳ ҳанӯз мушахххас нест, зеро қарор аст, ки раисиҷумҳур баъд аз анҷоми табобат ба кишвари сеюм ҳиҷрат кунад.

Алӣ Абдулло Солеҳ рӯзи 4 июн, баъди он Яманро тарк намуд, ки бар асари сӯиқасд ҷароҳати сангин бардошт. Раҳбарии кишвар алҳол бар дӯши нойиби раисиҷумҳур вогузор шудааст.

Дар Яман чанд моҳ намоишҳои оммавӣ бо талаби раисиҷумҳур идома карданд. Алӣ Абдулло Солеҳ беш аз 30 сол боз раҳбарии Яманро бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG