Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шимолу ғарби Покистон дар як даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҷангиён дасти кам 11 узви як гурӯҳи ифротгаро кушта шуданд.

Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, задухӯрдҳо дар наздикиҳои шаҳри Кҳар, маркази минтақаи Баҷаур рӯх доданд.

Шурӯъ аз моҳи августи соли 2008-ум дар Баҷаур, ки дар марзи Афғонистон ҷойгир аст, чанд амалиёти вижа алайҳи ҷангиёни мухолифи ҳукумат доир шуда буд.
XS
SM
MD
LG