Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Кохи Сафед аз салоҳиятҳои Обама


Кохи Сафед гуфт, раисиҷумҳур Барак Обама ҳатто дар ғайри сурати ахзи ризоияти Конгресс ҳам салоҳияти идомаи амалиёти низомии Амрико дар Либияро дорад. Маъмурияти Обама дар як гузориши муфассали 30-саҳифаӣ, ки ба Конгресс ироа шуд, тавзеҳ дода, ки Амрико дар амалиёти таҳти фармони НАТО дар Либия нақши маҳдуди ҳимоятиро дорад. Кохи Сафед мегӯяд, азбаски асокири Амрико дар Либия амалан вориди ҷанг нашудаанд, Обама ҳаққ дошт, ба сари худ иқдом кунад. Дар авоили моҳи июн Сенат қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он Барак Обама ба маҳзи иҷтиноб аз гирифтани ризоияти Конгресс дар масъалаи дахолати Амрико дар Либия мазаммат мешуд. Гузориши ахири Кохи Сафед зоҳиран дар посух ба ҳамин қарори Сенат ироа шудааст.
XS
SM
MD
LG