Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду марзшикан дар минтақаи Оқмазор


Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, аз як талоши марзшиканӣ дар марз бо Афғонистон ҷилавгирӣ карда, ду марзшиканро ба ҳалокат расондаанд. Сухангӯи марзбонони тоҷик Хушнуд Раҳматуллоев гуфтааст, ки аз ин қасди марзшиканӣ дар минтақаи Оқмазори ноҳияи Ҳамадонӣ пешгирӣ шуд. Аммо аъзои дигари ин гурӯҳ, ки ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев, 10-12 нафар будаанд, бо истифода аз пардаи торикӣ ба он сӯи марз фирор кардаанд. Ӯ афзуд, дар ин даргирӣ марзбонон талафоте надодаанд ва аз ҷои ҳодиса як мусалсали Калашников, як туфангчаи Макаров, як кило ҳероин, 7,5 кило афюн ва қаиқи резинӣ кашф шудааст. Тоҷикистон бо Афғонистон зери 1400 километр марзи мустақим дорад, ки бахши аъзамаш рӯи рӯди Омӯ мегузарад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG