Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори нӯҳ шаҳрванди Кореяи шимолӣ ба Кореяи ҷанубӣ


Хабаргузории Йонхапи Кореяи ҷанубӣ имрӯз иттилоъ дод, ки нӯҳ шаҳрванди Кореяи шимолӣ бо қаиқ тавассути марзҳои обии баҳри Зард ба Кореяи ҷанубӣ фирор карданд.

Марзбонҳо онҳоро дар ҷазираи хурди Удо ошкор карданд. Мақомоти махсус чӣ гуна аз марз убур кардани шаҳрвандони Кореяи шимолӣ ва сабаби фирори онҳо аз кишварро тафтиш мекунанд.
XS
SM
MD
LG