Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳакерҳо сомонаи Сенати Амрикоро шикастанд


Ин ҳакер аз Фаронса соле пеш торнамои Барак Обамаро шикаста буд
Ин ҳакер аз Фаронса соле пеш торнамои Барак Обамаро шикаста буд
Мақомот таъйид карданд, ки сомонаи сенати Амрикоро ҳакерҳо шикастаанд. The Sergeant At Arms Office - ниҳоди масъули амнияти Конгресс - гуфт, ҳамла ба сервери мизбони сомонаи расмии “senate.gov” сурат гирифта, аммо ҳакерҳо кадом маълумоти ҳассосеро берун накашидаанд. Ин ниҳод гуфт, акнун амнияти сомонаҳои Сенатро бозбинӣ хоҳад кард. Субҳи душанбе як гурӯҳи ҳакерҳо, ки худро "Lulz Security" меноманд, эълон кард, ки шабакаи компутарии Сенати Амрикоро шикастааст. Ин гурӯҳ қаблан масъулияти ҳамлаҳои ахир ба шабакаҳои онлайн, аз ҷумла алайҳи “Sony”-ро бар ӯҳда гирифта буд.
XS
SM
MD
LG