Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев имрӯз аз Тошканд ба Остона хоҳад рафт


Имрӯз, 14 июн, рӯзи дуввуми боздиди раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао аз Қазоқистон аст. Имрӯз раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар пайи дидори Узбакистон низ озими Қазоқистон хоҳад шуд. Фардо дар Остона сарони 6 кишвар аз солгарди 10-уми таъсиси Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҷлил мекунанд.
Имрӯз дар Ҷиддаи Саудия нишасти вузарои хориҷаи Шӯрои ҳамкориҳои халиҷи Форс доир мешавад. Вазири хориҷаи Шветсия Карл Билдт имрӯзу фардо аз Арманистону Гурҷистон дидан хоҳад кард. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар анҷумани солонаи Созмони ҷаҳонии кор дар ҳузури вазирони кори дунё сухан хоҳад ронд.
Имрӯз дар Киеву Одессаи Украина анҷумани чоррӯзаи матбуоти русӣ оғоз ба кор мекунад. Соле пеш дар ҳамин рӯз ҳайъати нави парлумони Ироқ ташкили нахустин иҷлосия кард.
Ва ҳам имрӯз, 14 июн, дар тақвим Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун аст.
XS
SM
MD
LG