Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози бесадо дар хиёбони Валиасри Теҳрон


Мухолифин то ҳол пирӯзии Аҳмадинажодро қабул надоранд
Мухолифин то ҳол пирӯзии Аҳмадинажодро қабул надоранд
Бино ба хабарҳо, пулиси Эрон дирӯз бо тазоҳургароне, ки дар солгарди дуввуми интихоботи пурбаҳси раёсати ин ҷумҳурӣ дар як хиёбони Теҳрон ташкили эътирози бесадо карданд, вориди даргирӣ шудааст. Яке аз эътирозгарон ба Радиои Фардо гуфт, раҳпаймоии онҳо зери назари нирӯҳои амниятӣ мегузашт. Сомонаи мухолифи “Калима” мегӯяд, пулис бо истифода аз калтак монеъи таҷаммӯъи шумори бузургтари мардум шуд. Даъвоҳо дар бораи ба фоидаи Маҳмуди Аҳмадинажод дасткорӣ шудани натоиҷи интихоботи моҳи июни соли 2009 дар Эрон мунҷар ба чанд моҳи ошӯбҳои пасоинтихоботӣ шуд, ки бо саркӯбии бераҳмонаи ин эътирозҳо ва ба зиндон кашонидани фаъолонаш анҷомид.
XS
SM
MD
LG